Душанбе, 10 мар - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон Муҷтабо Ҳусейни Хоманаиро бо интихоб шудан ба мақоми роҳбари олии Эрон шодбош гуфт.
"Ба муносибати интихоби шоистаи Шумо ба мақоми Раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон табрику таҳнияти самимии хешро арз менамоям",- омадааст дар паёми раисҷумҳури Тоҷикистон.
Кишвар дори Тоҷикистон изҳори бовар кардааст, ки таҳти раҳбарии Муҷтабо Хоманаӣ мардуми сарбаланди Эрон бар ҳама мушкилоте, ки имрӯз кишвари ба мо дӯсту бародар мувоҷеҳ шудааст, пирӯз хоҳад шуд.
Раҳмон нақши созандаи Ҷумҳурии Исломии Эронро дар таҳкими сулҳу суботи минтақа ва ҷаҳон муҳим арзёбӣ намуда, бори дигар ҷонибдории хешро аз риояи ҳатмии усул ва муқаррароти ҳуқуқи байналмилалӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ таъкид намудааст.
Раисҷумҳури Тоҷикистон омодагиро барои таҳкиму тавсеаи беш аз пеши ҳамкориҳои судманди ба нафъи ду миллати бародар баён дошт.
"Бо табрики муҷаддад, омодагии ин ҷонибро барои таҳкиму тавсеаи беш аз пеши ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Эрон ба нафъи ду миллати бародар бо такя ба усули ҳусни эътимод ва эҳтироми ҳамдигарӣ изҳор медорам",- таъкид мешавад, дар паём, ки котиботи раисыумщур нашр кардааст.
Сарвари Тоҷикистон дар фарҷом ба Хоманаии хурдӣ сиҳҳатмандии комил ва тавфиқи рӯзафзун, ба мардуми бародари Эрон сулҳу субот ва шукуфоии пойдор орзумандам".