Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

"Шармандагии оммавӣ": Эътирози бешармонаи Зеленский хашми ғарбиёнро ба бор овард

Роҳбарияти Иттиҳоди Аврупо ба таҳдидҳои Зеленский нисбат ба Орбан чашм пӯшид
Sputnik
Душанбе, 10 мар - Sputnik. Режими Киев аз бастани таъминоти нафт ба таҳдиди куштани раҳбари як давлати узви ИА гузаштааст, дар ҳоле ки Брюссел ҳоло ҳам хомӯш аст.
Дар ин бора, сиёсатшинос ва рӯзноманигори бритониёӣ Финиан Каннингем дар мақолае барои Strategic Culture навиштааст.
"Охирин иқдоми режими фасодзадаи Владимир Зеленский таҳдиди ӯ ба сарвазири Маҷористон Виктор Орбан аст. <…> Инро тасаввур кардан душвор аст. Ҳаҷвнигоре, ки замоне пойафзоли баланд мепӯшид ва нақши президенти силсилафилмро мебозид, ҳоло мисли диктатор фармон медиҳад, аз ҷониби андозсупорандагони ИА дастгирӣ мешавад ва ҳамааш аз он сабаб аст, ки барои Брюссел васвасаҳои русофобии ӯ писанд аст", - гуфта мешавад дар мақола.
Тавре ки рӯзноманигор қайд мекунад, Иттиҳоди Аврупо қаблан ба масдудшавии нафт тавассути лӯлаи "Дӯстӣ" ва шантажи энергетикии режими Киев чашм пӯшид ва ҳоло низ ба таҳдидҳои марг алайҳи раҳбари як давлати аврупоӣ чашм пӯшидааст.
Ба гуфтаи Каннингем, ин нишон медиҳад, ки роҳбарияти Иттиҳод то чӣ андоза фасодзада аст.
"Ба назар мерасад, ки сарпарастони ҷанг дар Брюссел бештар аз он нигаронанд, ки рафторҳои лӯхтаки фасодзадаи онҳо дар Киев барои онҳо шармандагии оммавӣ хоҳад шуд", - хулоса кард ӯ.
Рӯзи панҷшанбе Зеленский ба Орбан бо мулоқот бо ҷангиёни Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина дар бораи масдуд кардани қарзи дигари ИА барои Украина таҳдид кард.
Сарвазири Словакия Роберт Фитсо изҳор дошт, ки Киев бо таҳдидҳои худ алайҳи раҳбари ҳукумати Маҷористон аз хатҳои сурх гузаштааст ва аз Иттиҳоди Аврупо даъват кард, ки худро аз ин "изҳороти таҳқиромез" дур гирад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Орбан изҳор дошт, ки аз таҳдидҳои Зеленский наметарсад
Котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков дар бораи таҳдидҳои Зеленский алайҳи Орбан бо киноя шарҳ дод ва қайд кард, ки вақти он расидааст, ки моддаи 5-уми Оинномаи НАТО дар бораи мудофиаи дастаҷамъӣ роҳандозӣ шавад.