ДУШАНБЕ, 9 мар – Sputnik. Қазоқистон воридоти тухми мурғро аз кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё (ИИАО) манъ кардааст.
Дар ин бора хадамоти матбуоти ҳукумати ин кишвар хабар додааст.
Ин чора, ки бори аввал дар моҳи апрели соли 2025 ҷорӣ шуда буд, акнун барои шаш моҳ эътибор пайдо кард. Маҳдудиятҳо барои дастгирии таъминкунандагони ватанӣ ва афзоиши истеҳсоли дохилӣ равона карда шудааст.
Хадамоти матбуот қайд мекунад, ки деҳқонони Қазоқистон айни замон 98% талабот ба тухми мурғро таъмин мекунанд. Дар соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли тухми мурғ 2,5% афзоиш ёфтааст.
Айни замон дар кишвар 70 хоҷагии паррандапарварӣ фаъолият мекунад, ки 34-тои онҳо ба категорияҳои гуногуни тухм тахассус доранд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки гардиши тиҷоратии Қазоқистон бо кишварҳои ИИАО 27,2 миллиард долларро ташкил додааст. Нафт ва маҳсулоти нафтӣ беш аз нисфи ин содиротро ташкил медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё як созмони байналмилалӣ аст, ки Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус ва Арманистонро муттаҳид мекунад.