ДУШАНБЕ, 8 мар – Sputnik. Дар арафаи таҷлили Рӯзи Модар мақомоти вилояти Суғд ба беш аз 330 нафар занону бонувони покизакори шаҳри Хуҷанд тӯҳфаҳо тақдим.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин рӯз занону бонувон - кормандони Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Хуҷанд қадрдонӣ шуданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода занону модаронро бо фарорасии ин ҷашни табрик гуфта, аз саҳми арзишманди кормандони соҳа дар ободиву тозагии маркази маъмурии вилоят ёдовар шуд.
Раиси вилоят таъкид намуд, ки маҳз бо заҳмати содиқона ва фаъолияти шабонарӯзии кормандони Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Хуҷанд имрӯз кӯчаву хиёбонҳои шаҳр тозаву озода ва назаррабо гардидаанд.
Аҳмадзода барои саҳми арзандаи бонувон дар нигоҳдории симои зебои шаҳр аз онҳо изҳори сипос кард.
Раиси вилоят, аз ҷумла ба занон шириниҳо ва маводи ғизоӣ таъкид гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд заҳмати занону модаронро ҳамеша қадр мекунад.