ДУШАНБЕ, 7 мар - Sputnik. Беш аз 70% сокинони Тоҷикистон 8 мартро ҷашн мегиранд.
Инро як пурсиши Wildberries муайян кардааст.
Ширкат афзуд, ки 56%-и пурсидашудагон 8 мартро рӯзи ғамхорӣ ва эҳтиром ба занон ва 45% онро рӯзи шодӣ ва эҳсосот номидаанд.
"Сокинони кишвар фаъолона фармоиш медиҳанд ва талабот ба гурӯҳҳои гуногуни молҳо афзоиш меёбад. Мо ният дорем минбаъд низ ассортиментро дар платформа васеъ намоем, ҳамчунин ҳамкориҳоро бо соҳибкорони маҳаллӣ рушд диҳем, то фурӯшандагон аз Тоҷикистон имкониятҳои бештар барои фурӯши онлайн дар платформаи Wildberries дошта бошанд", — гуфтанд аз ширкат ба Sputnik Тоҷикистон.
Мувофиқи маълумоти ширкати мазкур хароҷоти миёнаи барои тӯҳфа сарфа мекардаи пурсидашудагон 500 сомониро дар бар мегирад. Ҳамчунин 16% омодаанд аз 1000 сомонӣ зиёд барои тӯҳфа сарф кунанд.
"Дар миёни мардон 71% мехоҳанд наздикони худро табрик намоянд. Бештар тӯҳфаҳо барои ҳамсар ё дӯстдоштаи худ омода мекунанд — дар ин бора 86% мардон хабар додаанд. Ҳамчунин мардон ният доранд ба модарон (77%), хоҳарон (58%) ва духтаронашон (57%) тӯҳфа диҳанд" - иттилоъ дод манбаъ.
Занон низ ба ид фаъолона омодагӣ мебинанд: 76% онҳо ният доранд тӯҳфаҳо тақдим кунанд. Онҳо бештар модарон (82%), хоҳарон (55%), дӯстон (53%) ва духтаронашонро (40%) табрик карданӣ ҳастанд
Ҳамчунин гуфта мешавад бештар мехоҳанд атриёт, молҳо барои хона, гул ва маводи ороишӣ тӯҳфа карда бошанд.
Дар ҳамин ҳол ба иттилоъи ширкат занҳо бештар мехоҳанд ҷавоҳирот ё бижутерия ҳамчун тӯҳфа гирифта бошанд.
Ширкати Wildbress мегӯяд дар миёни харидорон қисмати бештарро мардон ташкил менамоянд. Гурӯҳи фаъолтарини синну сол аз 35 то 54 сола мебошад (58%), ҳамчунин 40%-и пурсидашудагон харидорон дар синни аз 18 то 34 сола ҳастанд.