ДУШАНБЕ, 7 мар – Sputnik. Вазорати дифои Русия ахиран эълон кард, ки 300 сарбозашро аз қаламрави таҳти назорати Киев ба Ватан баргардонидааст.
"Дар иваз, 300 асири ҷангии артиши Украина ба ҷониби Киев супорида шуд", гуфта шудааст дар изҳороти вазорати дифоъ.
Русҳо айни замон дар Беларус қарор доранд, ки дар он ҷо ба онҳо ёрии равонӣ ва тиббии зарурӣ расонида мешавад.
Сипас онҳо барои табобат ва барқарорӣ дар муассисаҳои Вазорати дифоъ ба ватанашон баргардонида мешаванд. Амороти Муттаҳидаи Араб ва Иёлоти Муттаҳида дар мубодила ҳамчун миёнарав амал карданд.
Рӯзи қаблӣ, ду тараф 200 асири ҷангиро низ мубодила карда буданд. Ҳарду чорабинӣ дар доираи созишномаҳое, ки 17-18 феврал дар Женева ба даст омада буданд, сурат гирифтанд.
Дар охири моҳи гузашта, Маскав ва Киев низ ҷасадҳои сарбозони кушташударо низ мубодила карда буданд.