Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Путин мухобирот дар ҷабҳаро яке аз самтҳои муҳимтарин номид

Раҳбари давлат аз мутахассисони cоҳаи алоқа суол кард, ки мухобирот дар хати ҷабҳа чӣ гуна таъмин карда мешаванд ва барои таъмини фаъолияти бенуқсони алоқа боз чӣ кор кардан лозим аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 мар – Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин мухобирот дар ҷабҳаро яке аз самтҳои муҳимтарин номид ва аз қатъи фаъолияти Starlink ёдовар шуд.
Ӯ ин изҳоротро дар Кремл зимни мулоқот бо намояндагони касбҳои гуногун, аз ҷумла подполковники Нерӯҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия ва фармондеҳи баталйон Ирина Годунова баён кард.
"Азбаски шумо мутахассиси соҳаи алоқа ҳастед, шумо айни замон вазъиятро дар ин самти хеле муҳим чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Зеро, тавре шумо дуруст қайд кардем, бидуни мухобирот фармондеҳӣ ва назорати муассири нерӯҳо вуҷуд дошта наметавонад ва аз ин рӯ, натиҷаҳои дилхоҳ вуҷуд нахоҳанд дошт", - гуфт Путин.
Раҳбари Русия ба ёд овард, ки илова бар Starlink, ки қаблан ғайрифаъол гардид, масъалаҳои дигаре низ дар робита бо мухобирот вуҷуд доранд.
"Инчунин чизҳое ҳастанд, ки душман қаблан истифода карда буд, вақте ки мо аз имконоти техникии мувофиқ истифода мекардем, ки мустақиман ба мо тааллуқ надоштанд", - афзуд Путин.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин: Қаҳрамонони амалиёт барои иҷрои вазифа дар сатҳи олӣ кумак карданд
Сарвари давлат аз Годунова ҳамчунин, дар бораи барқарор кардани алоқа дар ҷабҳа ва барои роҳҳои таъмини кори бефосилаи он суол кард.