ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод.
Ба иттилои Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар фармонҳои Президенти дар ин бора ба имзо расидааст.
Бо фармони Президенти кишвар Ҳафиззода Тоҷиддин аз вазифаи муовини раиси суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд озод гардида, ба вазифаи раиси суди ноҳияи Мастчоҳ таъин гардид.
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки Прокурор ва сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ аз ҳисоби мутахассисони кордону соҳибтаҷриба таъин гардиданд.
Қайд карда шудааст, ки дар якчанд шаҳру ноҳияҳои кишвар Прокурор ва сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ иваз карда шуданд.
Раҳмбари кишвар зимни дидор бо мутахассисони нав таъйиншуд фаъолияти сохторҳои зикршударо ҳаматарафа баррасӣ намуд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот ба масъулин барои рафъи камбудиҳо, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, бахусус истеъмолу фуруши маводи мухаддир, қонунвайронкунӣ дар самти истифодаи ғайримақсадноки замин, таъмини тартиботу волояти қонун ва амну суботи ҷомеа супоришҳои мушаххас додааст.
Ҳамчунин вай аз кадрҳои нав хост ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, такмили ихтисос ва азхуд кардани донишҳои муосири техникӣ таваҷҷуҳ намоянд.