ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфт, ки Киев медонад, ки барои муваффақ шудани музокироти сулҳи Украина чӣ иқдомотро бояд анҷом диҳад.
"Тавре президенти Русия Владимир Путин гуфта буд, кайҳо боз дар музокирот вақте фаро расидааст, ки касе дар Киев бояд масъулиятро бар дӯш гирад. Дар ҳолати беҳтарин, ин бояд Зеленский бошад. Ҳама корро барои муваффақ шудани музокирот анҷом диҳед. Онҳо хеле хуб медонанд, ки чӣ кор кардан лозим аст", - гуфт Песков ба хабарнигори "Вести".
Сухангӯи раисҷумҳури Русия таъкид кард, ки Русия дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ пешравӣ дорад.
“Пешравиҳои хуб дида мешавад ва Киев худро нороҳат ҳис мекунад”, - гуфт оқои Песков.
Вай илова кард, ки артиши Русия динамикаи пешравӣ дорад ва инро Киев хуб дарк мекунад, ва ба ҳамаи мутахассисон ҳам маълум аст.
Вай қайд кард, ки дар вазъияти кунунӣ режими Киев "нороҳатаст".