Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Фитсо гуфт, Зеленский дар бораи осеб дидани лӯлаи нафти "Дружба" дуруғ мегӯяд

Сарвазири Словакия ахиран гуфт, ки ба иддаоҳои Зеленский дар бораи осеб дидани лӯлаи нафти "Дружба" комиан бовар надорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 мар – Sputnik. Роберт Фитсо, сарвазири Словакия ба гуфтаҳои раҳбари режими Киев Владимир Зеленский, ки гӯё лӯлаи нафти "Дружба" осеб дидааст, бовар надорад.
Дар ин бора навиштааст рӯзномаи "Dennik" дар истинод ба сарвазири Словакия.
"Ман ба Зеленский бовар намекунам. Ҳатто дар бораи он ки ӯ байни чашмонаш бинӣ дорад", - гуфт сарвазир.
Фитсо инчунин ба рӯзноманигорон хотиррасон кард, ки мақомоти Украина ба сафирони Словакия ва Аврупо монеъ шуданд, ки ҳолати техникии лӯлаи "Дружба"-ро арзёбӣ кунанд.
Ҳамчунин Киев ба гуфтаи сарвазири Славакия пешниҳоди таъсиси комиссияи санҷишро бозмедорад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Эрдуғон бовар дорад, ки роҳ ба сӯи сулҳ дар Украина "ҳанӯз боз нест"
Вай инчунин ҳушдор дод, ки Киев бо монеъ шудан ба интиқоли нафт, дастгирии Братиславаро аз даст медиҳад.
Украина дар охири моҳи январ интиқоли сӯзишвориро тавассути лӯлаи нафти "Дружба" қатъ кард.