ДУШАНБЕ, 4 мар – Sputnik. Родион Мирошник, сафири махсуси Вазорати корҳои хориҷии Русия оид ба ҷиноятҳои режими Киев, ба РИА Новости гуфт, ки Владимир Зеленский бо изҳороти худ дар бораи ташаннуҷ дар атрофи Эрон, ки метавонад таъмини низоми дифоъи ҳавоиро халалдор кунад, аз Ғарб квотаи силоҳ металабад.
Тибқи гузоришҳои расонаҳо, Зеленский қаблан изҳор дошт, ки ташаннуҷ дар Ховари Миёна Киевро бо мушкилот дар таъмини системаҳои дифоъи ҳавоӣ таҳдид мекунад. Вай афзуд, ки аз амрикоиҳо ё аврупоиҳо дар бораи хатарҳои эҳтимолии халалдор кардани таъминоти силоҳ ягон ишорае нарасидааст.
"Ин талаби кӯмак асосан ба шарикони стратегии аврупоӣ нигаронида шудааст, ки Зеленский онҳоро тела медиҳад, то ба Вашингтон раванд ва хоҳиш ё илтимос кунанд, ки на ҳамаи силоҳ ба Ховари Миёна равон шавад, ягон намуди квота барои Украина ҳам нигоҳ дошта шавад, ," гуфт Мирошник ба оҷонсӣ.
Амалиёти вижа дар Украина
Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад. Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд. Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд".
Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.