Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Олмон аз рӯйдодҳои Киев нигаронӣ мекунад

Нашрияи Berliner Zeitung навиштааст, ки тарси Киев бинобар шиддат гирифтани низоъҳо бар сари Эрон афзоиш меёбанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 мар – Sputnik. Berliner Zeitung хабар медиҳад, ки дар Киев бинобар шиддат гирифтани низоъҳо бар сари Эрон нигаронӣҳо афзоиш меёбанд.
"Доираи наздикони Зеленский аз он метарсад, ки ҷанг дар кишвари худаш дар ҳафтаҳо ва моҳҳои оянда фаромӯш мешавад", - гуфта мешавад дар нашрия.
Дар мақола қайд мешавад, ки аз охири ҳафтаи гузашта таваҷҷӯҳи ҷаҳон ба Эрон, Исроил ва Халиҷи Форс равона шудааст ва хабарҳо аз Донбасс, хатти ҷабҳа ва вазъият дар Киев ё Одесса камтар меоянд.
Дар ҳамин ҳол, як дипломати аврупоӣ, ки номаш ифшо нашудааст, афзуд, ки ҳатто пеш аз ҳамла ба Эрон, амрикоиҳо ба Украина таваҷҷӯҳи камтар доштанд сабрро нисбати Украина аз даст медоданд.
Рӯзи шанбе Иёлоти Муттаҳида ва Исроил амалиёти бузурги низомиро алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз карданд. Тел-Авив изҳор дошт, ки ҳамлаҳо барои пешгирӣ аз ба даст овардани силоҳи ҳастаӣ аз ҷониби Теҳрон равона шудаанд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Зеленский шарти баргузории интихоботро дар Украина номбар кард
Дар ҳамин ҳол, Трамп таҳдид кард, ки нерӯҳои баҳрӣ ва саноати дифоии Эронро нобуд мекунад ва аз шаҳрвандони кишвар даъват кард, ки режимро сарнагун кунанд. Шаби якшанбе телевизиони Эрон марги раҳбари олии Эрон Алӣ Хоманаӣ эълон кард.
Ба гуфтаи Ҳилоли Аҳмари Эрон, ҳадди аққал 787 нафар дар ҳамлаҳои Иёлоти Муттаҳида ва Исроил кушта шудаанд. Эрон дар ҷавоб ба қаламрави Исроил ва пойгоҳҳои амрикоӣ дар Ховари Миёна зарба мезанад.
Рӯзи душанбе Трамп эътироф кард, ки амалиёт метавонад аз тахмини аввалияи чор то панҷ ҳафта тӯл кашад. Дар ҳамин ҳол, котиби давлатӣ Марко Рубио ҳамлаҳои боз ҳам пурқувваттарро алайҳи Эрон эълон кард.
Президент Владимир Путин таъкид кард, ки таҷовузи ИМА ва Исроил пешрафтро дар музокирот оид ба барномаи ҳастаии Эрон халалдор кардааст. Президент аз ҷонибҳо даъват кард, ки ба муколама баргарданд.
Вай гуфт, ки Маскав барои устувор кардани вазъият дар минтақа ҳама кори аз дасташ меомадаро хоҳад кард. Путин роҳҳои ҳалли низоъро бо роҳбарони Арабистони Саудӣ, АМА, Қатар ва Баҳрайн баррасӣ кард.