Бунёди нергоҳи офтобӣ дар баландкӯҳи :Ду деҳаи ноҳияи Мурғоб бо барқ таъмин шуданд

Тоҷикистон нақша дорад, ки то соли 2030 беш аз 4000 МВт иқтидорҳои нави энергетикиро ба истифода диҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 мар – Sputnik. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон аз бунёди неругоҳҳои хурди офтобӣ дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб хабар дод.
Вазорат қайд кардааст, ки бо бунёди неругоҳҳои хурди офтобӣ сокинони деҳаҳои Булункӯл ва Рангкӯли ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб пурра бо барқ таъмин гардиданд.
“Иқдоми мазкур дар доираи лоиҳаи "Электрофикатсияи деҳот дар Тоҷикистон" амалӣ гардид”, - таъкид кардааст вазорат.
Ёдовар мешавем, ки қаблан ин ҳукумати ВМКБ хабар дода буд, ки дар ҳудуди ВМКБ соли равон ҳудуди 30 нерӯгоҳи хурди барқию офтобӣ сохта мешаванд.
“Аз ҷумла бунёди 19 неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 2,5 МВт ва 10 неругоҳи хурди барқи шамолӣ бо тавоноии умумии 645 кВт дар назар аст”, - иттилоъ дод ҳукумати ВМКБ.
Инчунин сохтмони як неругоҳи барқи шамолӣ бо иқтидори 200 кВт ба нақша гирифта шудааст, афзуд манбаъ.
Қаблан ҳукумати Тоҷикистон хабар дода буд, ки ҷумҳурӣ дар ду соли оянда ба иқтидори 2 ҳазор МВт нерӯгоҳҳои офтобӣ бунёд хоҳад кард.
"Аз мардум барқ мехарем": оё барқи офтобӣ аҷали лимит хоҳад шуд?
Раисҷумҳури Тоҷикистон барои фаъол кардани ду нерӯгоҳи офтобӣ то моҳи августи соли равон масъулинро муваззаф кард.
Инчунин бо ҷалби сармояи мустақим сохта ба истифода додани якчанд неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 1500 МВт дар кишвар дар солҳои 2026 - 2027 вазифагузорӣ шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон воридоти бархе аз таҷҳизот барои манбаъҳои энергияи барқароршавандаро аз андоз озод кард.
Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонуни "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз"-ро дастгирӣ кард.
Тибқи қонун, воридот ва таҳвили минбаъдаи таҷҳизот барои манбаъҳои энергияи барқароршаванда то 1 январи соли 2031 аз андози арзиши иловашуда озод карда шудааст.