ДУШАНБЕ, 2 мар – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба шаҳодати Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон ба президенти ин кишвар номаи таслият фиристод.
Раисҷумҳури Тоҷикистон да паёмаш ба Пизишкиён гуфтааст, ки ки "бо андуҳи зиёд" хабари куштори Алии Хоманаӣ ва ҷамъе аз масъулони ҳукумати Эронро дарёфт кардааст.
Дар ин бора сафорати Эрон дар Душанбе хабар дод, аммо дар ин бора дар сомони кишвардор ҳоло иттилое нест.
"Ин талафоти бузургро ба ҷаноби олӣ ва миллати шарифи Эрон таслият мегӯям", - омадааст дар паёми Раҳмон.
Раҳбари Тоҷикистон ҳамчунин ба нақши Алии Хоманаӣ дар рушди муносибатҳои ҳамаҷониба ва созанда байни Тоҷикистон ва Эрон ва тақвияти ҳамкории ду миллати қадимӣ ва мутамаддин таъкид кардааст.
“Дар ин рӯзҳои ғамангез, изҳори ҳамбастагии мардуми Тоҷикистонро ба кишвари дӯсту бародари Эрон иброз дошта, аз Худованди Муттаол барои ҳамаи шаҳрвандоне, ки дар масири раҳмати Илоҳӣ қарор гирифтаанд, талаби мағфират ва барои пайвандони гиромияшон дар ин фоҷиаи даҳшатнок сабру шикебоӣ мехоҳам",- омадааст да паёми ҳамдардӣ.
Рӯзи пеш аз ин, ИМА ва Исроил як силсила ҳамлаҳоро ба ҳадафҳо дар Эрон, аз ҷумла пойтахт, анҷом доданд.
Дар ин ҳамлаҳо сокинони осоишта кушта ва ба иншооти ғайринизомӣ дар Эрон зарар расонида шуданд.
Хоманаӣ субҳи барвақти 28 феврал дар дафтари худ дар натиҷаи ҳамлаи мушакии Иёлоти Муттаҳида ва Исроил кушта шуд.
Дар саросари кишвар мотами 40-рӯза ва як ҳафтаи ғайрикорӣ эълон шудааст.
Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ, артиши Эрон ва президенти кишвар қавл доданд, ки барои марги Хоманаӣ интиқом мегиранд.
Шӯрои Амнияти Эрон нақшаҳои ҳамлаи бузургеро эълон кард, ки ИМА ва Исроил ҳеҷ гоҳ бо он рӯбарӯ нашудаанд.
Дар байни кушташудагон хешовандони Хоманаӣ, инчунин котиби Шӯрои дифоъ, ноиби адмирал Алӣ Шамхонӣ ва фармондеҳи Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ, генерал Муҳаммад Покпур буданд. Эрон баъдтар марги сардори ситоди генералӣ Абдурраҳим Мусавӣ ва вазири дифоъ Азиз Носирзодаро тасдиқ кард.