Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Дар давоми ҳафтаи гузашта артиши Русия панҷ деҳаро аз нерӯҳои украинӣ озод карданд

Дар тӯли ҳафтаи гузашта Нерӯҳои Мусаллаҳи Русия панҷ маҳаллаи аҳолинишинро дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ озод карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 мар – Sputnik. Дар давоми ҳафтаи гузашта нерӯҳои Русия панҷ маҳаллаи аҳолинишинро дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ озод карданд.
Дар ин бора хабаргузории РИА “Новости” дар истинод ба Вазорати дифои Русия хабар додааст.
“Аз 23 феврал то 1 март панҷ маҳалла зери назорати Нерӯҳои Мусаллаҳи Русия қарор гирифтанд: ду деҳа дар вилоятҳои Запороже ва Харков ва якто дар вилояти Днепропетровск”, - қайд кардааст вазорат.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки аз 16 то 22 феврал нерӯҳои Русия панҷ маҳаллаи аҳолинишинро озод карданд: дуто дар вилояти Сумы ва Ҷумҳурии Мардмии Донетск ва якто дар вилояти Запороже.

Амалиёти вижа дар Украина

Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Фармондеҳони артиши Украина силоҳҳои НАТО-ро дар бозори сиёҳ мефурӯшанд
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.