Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё - ИИАО муҳтавои ғайриқонуниро бо қарори суд маҳдуд мекунад

Комиссия иқтисодии АвруОсиё хабар медиҳад, ки маҳдудкунӣ аз ҷониби соҳибони захираҳои интернетӣ анҷом дода мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё - ИИАО муҳтавои ғайриқонуниро бо қарори суд маҳдуд мекунад.
Тибқи иттилои Комиссия иқтисодии АвурОсиё соҳибони саҳифаҳои интернетӣ вазифадор карда мешаванд, ки бо қарори суд дастрасӣ ба чунин муҳтавоҳои ғайриқонуниро маҳдуд кунанд.
Манбаъ афзуд, ки қаблан кишварҳои Иттиҳод лоиҳаи ҳуҷҷатро тасдиқ карда буданд, ки ҳоло барои имзо ба кишварҳои узв пешниҳод шудааст.
Комиссияи иқтисодии АвруОсиё қайд кард, ки ин созишнома қоидаҳои равшан ва шаффоферо эҷод мекунад, ки ҳифзи манфиатҳои дорандагони ҳуқуқи муаллифро таъмин мекунанд.
Рақамикунонии бахши нақлиёт дар ИИАО зарурати стратегӣ аст
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – ташкилоти байналмилалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое ки бо ҷараёни интегратсиони дар соҳаи иқтисодӣ ва башардӯстона вобаста мебошанд, таъсис шудааст.