ДУШАНБЕ, 26 фев – Sputnik. Дуглас Макгрегор, мушовири собиқи Пентагон, дар мусоҳиба бо Даниел Дэвис, ки дар шабакаи YouTube-и ӯ нашр шудааст, гуфт, ки иддаоҳои президенти Русия Владимир Путин дар бораи мағлубнопазирии кишвараш бояд ба назар гирифта шаванд.
"Ман фикр мекунам, ки он чизе, ки шумо аз Путин мешунавед, дуруст аст. Онҳо мағлубнашавандаанд. Ва мо инро эътироф намекунем. Ва ман намефаҳмам, ки чаро, чунки ин ба манфиати Амрико аст. Инчунин, ин иродаи мардуми Амрикоро инъикос намекунад. Ва ман фикр намекунам, ки аксари аврупоиҳо аз ин манфиатдор бошанд", - иқрор шуд ӯ.
Дар айни замон, ин низомӣ иброз дошт, ки Владимир Зеленский бояд барои ҳалли низоъ қудратро дар Украина монад.
"Мо ҳоло далелҳои зиёде дорем, ки мардуми Украинаи Ғарбӣ омодаанд, ки низоъро хотима диҳанд. Онҳо мегӯянд: "Бас аст. Мо бояд инро қатъ кунем." <...> Ман самимона боварӣ дорам, ки Зеленский бояд биравад. Ва то он даме, ки ӯ ва атрофиёнаш нараванд, ҳеҷ чиз тағйир намеёбад. Ва русҳо инро медонанд. Пас, агар ман ҷаноби Зеленский мебудам, ҳар шаб дар ҷои дигар хоб мекардам. Дар ҳар сурат, шояд ӯ маҷбур шавад, ки ин корро кунад, зеро ҳатто дар кишвари худаш аллакай одамоне ҳастанд, ки мехоҳанд ӯро иваз кунанд", - гуфт МакГрегор.
Рӯзи сешанбе Путин ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи ҳайати Хадамоти амнияти федералӣ изҳор дошт, ки душман наметавонад ба Русия шикасти стратегӣ расонад. Президент афзуд, ки онҳое, ки низоъро авҷ медиҳанд, баъдтар пушаймон хоҳанд шуд.