Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Зеленский санаҳои эҳтимолии мулоқоти байни Русия, Украина ва ИМА-ро номбар кард

Владимир Зеленский иддао дорад, ки мулоқоти сеҷонибадар бораи Украина дар давоми даҳ рӯз баргузор мегардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Владимир Зеленский иддао дорад, ки мулоқоти байни Русия, Украина ва ИМА дар бораи низои Украина дар давоми "ин ҳафта" ё "даҳ рӯз" имконпазир аст.
"Мо формати сеҷониба хоҳем дошт. Фикр мекунам, ки дар давоми ин ҳафта, шояд даҳ рӯз", - овардааст шабакаи телевизионии TSN суханони Зеленскийро.
22 феврал, фиристодаи махсуси президенти ИМА Стив Уиткофф эълон кард, ки музокирот метавонад дар давоми се ҳафта баргузор шавад ва роҳро барои мулоқоти сеҷониба байни президентҳои Русия Владимир Путин, ИМА Доналд Трамп ва Владимир Зеленский ҳамвор кунад.
Трамп гуфт интиқоли силоҳ ба Украина тавассути НАТО чӣ гуна ҷараён дорад
Даври охирини музокирот байни Русия, ИМА ва Украина рӯзҳои 17-18 феврал дар Женева баргузор шуд. Пас аз музокирот, роҳбари ҳайати Русия Владимир Мединский, ёвари президенти Русия, дар ояндаи наздик аз мулоқоти наве эълон кард.
Котиби Шӯрои амнияти миллӣ ва дифоъи Украина Рустем Умеров қайд кард, ки дар музокирот пешрафт ба даст омадааст.