ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Ҷеффри Сакс, профессор ва директори Институти рушди устувори Донишгоҳи Колумбия, дар мусоҳиба бо рӯзномаи итолиёвии “IL Fatto Quotidiano”, изҳор дошт, ки агар созишномаи сулҳ имзо нашавад, Русия озод кардани минтақаҳои боқимондаи Украинаро оғоз мекунад.
" Ба андешаи ман вазъият чунин аст, ки Русия дар ин низоъ пирӯз мешавад ва ба се ҳадаф ноил мегардад: назорати қаламрав, ӯҳдадории Украина ба бетарафии доимӣ ва ҳамроҳ нашудан ба НАТО ва набудани нерӯҳои НАТО дар Украина пас аз қатъи амалиёти ҷангӣ. <…> Агар созишномаи сулҳ ба даст наояд, пас Русия эҳтимолан Одессаро мегирад ва озод кардани дигар минтақаҳои Украинаро оғоз мекунад", - қайд кард ӯ.
Ин коршинос афзуд, ки агар роҳбарони аврупоӣ аз тарсонидани аҳолӣ бо "таҳдиди Русия" даст кашанд, созишномаи сулҳ имконпазир хоҳад буд. Ӯ инчунин таъкид кард, ки садри аъзами Олмон Фридрих Мертс бояд масъулияти барқарор кардани тамос байни Маскав ва Брюсселро ба дӯш гирад.
Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков изҳор дошт, ки нокомиҳо дар ҷабҳа бояд Киевро водор кунад, ки ҳоло сари мизи музокирот нишинад. Ғайр аз ин, намояндаи доимии Русия дар СММ Василий Небензя қайд кард, ки воҳидҳои украинӣ талафот мебинанд ва самаранокии ҷангии худро аз даст медиҳанд.
Президент Владимир Путин қаблан дар мусоҳиба бо India Today гуфта буд, ки ё артиши Русия қаламравҳои зери назорати Киевро бо зӯрӣ озод мекунад, ё Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина ихтиёран ақибнишинӣ мекунанд ва куштани одамон дар он ҷо қатъ мегардад.