ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Ахиран миёни Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Сервис и Технология" созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар бораи “Рушди низоми Почтаи Тоҷикистон” ба имзо расид.
© Foto / Служба связи при Правительстве Республики Таджикистан
Дар ин бора дафтари матбуоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, созишномаи мазкур ба рушди инфрасохтори соҳаи почта ва ҷорӣ намудани низоми муосири автоматикунонии раванди муросилоти почтавӣ нигаронида шудааст.
“Татбиқи лоиҳа имкон медиҳад, ки сифати хизматрасониҳо беҳтар гардида, равандҳои коркард, ирсол ва назорати муросилот мутобиқ ба стандартҳои муосири байналмилалӣ ба роҳ монда шаванд”, - қайд кардааст Хадамот.
Қайд карда шудааст, ки дар доираи лоиҳа инчунин хизматрасониҳои логистикӣ ва иҷрои фармоишҳо такмил ёфта, имкониятҳои нав барои рушди савдои электронӣ ва густариши хизматрасониҳои рақамӣ фароҳам оварда мешаванд.
“Ин иқдом ба таҳкими зерсохтори коммуникатсионӣ ва рушди устувори иқтисоди миллӣ мусоидат хоҳад кард”, - зикр кардааст Хадамоти алоқа.
Ҳамчунин ин ниҳоди давлатӣ хабар додааст, ки ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 5 млн долларро ташкил дода, маблағгузории пурраи он аз ҳисоби шарики хусусӣ "Сервис и Технология" таъмин мегардад.
Таъкид гардидааст, ки тибқи нақша, дар натиҷаи татбиқи лоиҳа беш аз 150 ҷойи кори нави доимӣ таъсис дода шуда, зиёда аз 500 нафар кормандони соҳаи алоқаи почта ба равандҳои нав ҷалб карда мешаванд.