Хатлон дар як сол 100 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷ содирот мекунад

Ба иттилои раиси вилояти Хатлон ин вилояти Тоҷикистон ба хориҷи кишвар дар як сол 2,5 миллион тонн маваю сабзавот содирот мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Тавре Давлаталӣ Садид дар дидор бо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони дар шаҳри Қазони Тотористон гуфт, ки вилояти Хатлон яке аз вилоятҳои калонтарини ҷумҳурӣ буда, наздики 4 миллион нафар аҳолӣ дорад.
Вай гуфт, ки соҳаи кишоварзӣ самти афзалиятнок маҳсуб ёфта, зиёда аз 70 ҳазор хоҷагии кишоварзӣ фаъолият доранд.
“Ҳамасола дар вилоят зиёда аз 260 ҳазор тонна пахта, 2,5 миллион тонна меваю сабзавот ва дигар зироатҳо, инчунин 1 миллион адад пӯсти чорво ва 6 ҳазор тонна пашм истеҳсол мегардад”, - гуфт Давлаталӣ Саид.
Вай илова кард, ки зиёда аз 100 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба кишварҳои хориҷӣ содирот мешавад.
Ҳамчунин раиси вилояти Хатлон дар ин дидор гуфт, ки дар вилоят 912 корхонаю коргоҳи хурду калон фаъолият намуда, беш аз 200 намуди маҳсулот истеҳсол мекунанд.
Душанбе ва Маскав масъалаи афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ ба Русияро баррасӣ карданд
Вай таъкид кард, ки дар ҳоли ҳозир соҳаҳои саноати кӯҳӣ, энергетика, хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва саноати сабук рушд ёфтаанд.
Қайд гардид, ки дар ҳудуди вилоят се минтақаи озоди иқтисодӣ - Данғара, Панҷ ва Кӯлоб фаъолият дошта, барои соҳибкорон имтиёзҳои андозиву гумрукӣ пешбинӣ гардидааст.