ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Дар "Боғи Ирам"-и шаҳри Душанбе ба муносибати 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Ин барнома бо ташаббуси Вазорати мудофиа ва мақомоти ноҳияи Исмоили Сомонӣ доир гардидааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати дифоъ.
Дар рафти ҳамоиш, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода суханронӣ кардааст.
“Таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ буда, имрӯз Артиши миллӣ ҳамчун сипари боэътимоди давлату миллат дар ҳифзи сулҳу субот, амният ва тамомияти арзии давлат нақши калидӣ мебозад”, - гуфтааст вазир.
Таъкид шуда, ки дар низоми давлатдории муосир Артиши миллӣ яке аз рукнҳои асосии пойдории давлат, таъмини амният ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба шумор меравад.
Таҷлили 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ дар Душанбе
© Хадамоти матбуотии Вазорати дифои ҶТ
Таърихи сиёсии ҷаҳон борҳо собит кардааст, ки бе неруи низомии муназзам, муттаҳид ва касбӣ Истиқлолияти давлатӣ наметавонад устувор бошад.
"Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шароити ниҳоят мураккаби солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қарор дошт, таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ амри ҳаётан муҳим ва тақдирсоз буд", - таъкид кардааст Собирзода.
Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди пуриқтидор, боэътимод ва дорои мавқеи устувор дар ҷомеа муаррифӣ мегардад, афзудааст вазир.
Ҳамоиши идона дар фазои тантанавию ватандӯстӣ баргузор гардидааст.
Дар он намоиши санъати муҳорибаи тан ба тан, дефиле ва барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки аҳли ҳунар манзури ҳозирин гардонида шуд.
Таҷлили 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ дар Душанбе
© Хадамоти матбуотии Вазорати дифои ҶТ
Гуфта мешавад, ки ҳамоиш дар таҳкими ҳисси ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи садоқат ба Ватан саҳми муассир гузошт.