ДУШАНБЕ, 22 фев – Sputnik. Дар вилояти Хатлон давоми соли 2025 - 35 млн тухми мурғ истеҳсол шудааст.
Дар баробари ин, соли 2025 дар маҷмӯъ 3, 1 ҳаз. тонна гӯшти паранда истеҳсол карда шуд,ааст ки нисбат ба соли 2024-ум 238 тонна зиёд мебошад.
Суръати афзоиши истеҳсол 108%-ро ташкил додааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии мақомоти вилояти Хатлон.
Ҳамзамон, саршумори умумии паранда ба 2, 7 млн сар расидааст.
Ин нишондиҳанда имконият медиҳад, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар оянда боз ҳам афзоиш ёбад.
Истеҳсоли тухм низ тамоюли болоравӣ дошта, дар соли сипаришуда 35 млн дона тухм ба даст оварда шудааст.
Парандапарварон бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири парвариш ҳаҷми истеҳсолро мунтазам зиёд менамоянд, омадааст дар хабарнома.
Ин омор дар таҳкими амнияти озуқаворӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифат нақши муҳим мебозад.
Мутахассисон рушди соҳаи парандапарвариро яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти аграрӣ арзёбӣ намуда, таъкид мекунанд, ки бо дастгирии минбаъда нишондиҳандаҳо боз ҳам беҳтар хоҳанд гардид.