ДУШАНБЕ, 20фев - Sputnik. Аз оғози амалиёти вижаи низомӣ артиши Украина беш аз 1,5 миллион сарбозашро аз даст додааст.
Дар ин бора генерал-полковник Сергей Рудской, сардори Раёсати амалиёти асосии Ситоди кулл ва муовини аввали сардори Ситоди кулли артиши Русия, дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Красная Звезда" хабар дод.
Вай таъкид кард, ки танҳо дар соли 2025 беш аз 520 ҳазор нафар талафот дидааст.
"Аз оғози амалиёти вижаи низомӣ, талафоти нерӯҳои Украина аз 1,5 миллион нафар гузашт. Дар соли 2025 талафоти душман аз 520 ҳазор нафар гузашт ", - гуфт Рудской.
Генерал афзуд, ки шумораи миёнаи сафарбаркунии моҳона аз нисф камтар шудааст. Ҳамин тариқ, тамоюли устувори коҳиши нерӯҳои артиши Украина ба назар мерасад ва дар натиҷа, қобилияти Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина барои муқовимат ба гурӯҳҳои низомии Русия маҳдуд мешавад, таъкид кард ӯ.
Ғайр аз ин, ба гуфтаи Рудской, артиши Украина дар соли 2025 тақрибан 6700 танк ва мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, инчунин беш аз 12 ҳазор тӯпхона ва миномётро аз даст доданд.
Тавре ки генерал қайд кард, артиши Русия соли гузашта ниҳоят ташаббуси стратегиро дар минтақаи амалиёти вижа ба даст овардааст. Дар маҷмӯъ, дар соли 2025 беш аз 300 маҳалла ва беш аз 6700 километри мураббаъ қаламрав озод карда шуд ва аз аввали соли ҷорӣ тақрибан 900 километри мураббаъ ва 42 маҳалла таҳти назорати Нерӯҳои Мусаллаҳи Русия қарор гирифтаанд.