ДУШАНБЕ, 19 фев – Sputnik. Владимир Зеленский дар музокироти Женева президенти ИМА Доналд Трампро зери танқид гирифт, хабар медиҳад The Sun.
"Зеленский равиши Трампро ба ҳалли сулҳ танқид карда, онро "ноодилона" тавсиф кард ва ҳушдор дод, ки Украина ҳеҷ гоҳ ИМА-ро "намебахшад", - гуфта мешавад дар мақолаи нашрия.
Дар арафаи даври музокирот рӯзи чоршанбе, Зеленский нигаронӣ кард, ки Трамп аллакай қарори номусоид барои Киев қабул кардааст ва даъватҳои ӯро барои гузаштҳо ноодилона номид.
Музокирот дар Женева рӯзҳои 17-18 феврал баргузор шуд. Ҳайати Русияро Владимир Мединский, ёвари президенти Русия, роҳбарӣ мекард. Пас аз рӯзи дуюми музокирот, ӯ қайд кард, ки музокирот душвор, вале корӣ буданд. Мединский инчунин дар ояндаи наздик як мулоқоти навро эълон кард.