Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

ВАО: Духтари генерали артиши Украина дар Русия миллионҳо доллар ба даст меорад

Рӯзномаи “Известия” навиштааст, ки духтари як генерали украинӣ тавассути казинои онлайнӣ аз русҳо даромад мегирифтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 фев – Sputnik. Духтари генерали артиши Украина Усмон Уразов дар Русия тавассути казиноҳои маҷозӣ миллионҳо доллар даромад мегирифтааст, иттилоъ додааст “Известия” дар истинод ба манбаъҳо.
Тибқи иттилои манбаъҳои нашрия, Оксана Уразова як шабакаи казиноҳои онлайнӣ-CatAffs-ро идора мекунад, ки як қатор платформаҳои дигарро дар бар мегирад. Манбаъ шарҳ дод, ки пул тавассути хидматҳои пардохтии рӯпӯш ба суратҳисобҳои бозигарон ворид карда мешавад.
"Мувофиқи ҳисобҳои мо, фоидаи софи ҳамаи тарҳҳои CatAffs тақрибан як миллион доллар дар як рӯз аст. Ғайр аз ин, ин казиноҳо асосан ба қаламрави Русия ва ИДМ нигаронида шудаанд", - иқтибос меорад рӯзнома аз соҳиби шабакаи Telegram BadBank, ки ба ошкор кардани механизмҳои ба даст овардани пул тавассути тарҳҳои ғайриқонунӣ тахассус дорад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Зеленский эътироф кард, ки ИМА намехоҳад, ки Украина ба НАТО ҳамроҳ шавад
Айни замон, казиноҳои маҷозӣ дар Русия манъ карда шудаанд ва танҳо букмекерҳо ё операторони букмекерӣ метавонанд қиморбозии маҷозиро қонунан ташкил ва анҷом диҳанд.
Вазорати молия ҳаҷми бозори қонуниро то соли 2024 ба 1,7 триллион рубл арзёбӣ мекунад, дар ҳоле, ки даромади бозори ғайриқонунии тақрибан 100 казинои онлайн ба се триллион рубл баробар аст.