Мақомот гуфт аз бизнеси бозӣ давлат чӣ қадар даромад гирифтааст

Ба гуфтаи мақомот дар Тоҷикистон бақайдгирӣ ва андозбандии субъектҳои бизнеси бозӣ рӯ ба беҳбудӣ ниҳода истодааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 фев – Sputnik. Ба иттилои Кумитаи андози Тоҷикистон нишондиҳандаи андоз аз бизнеси бозӣ дар 12 моҳи соли гузашта 69 млн сомонӣ ба буҷет ворид гардидааст, ки ба 30,8% нақшаи пешбинишуда баробар мебошад.
Дар асоси маълумоти бадастомада, ба ҳолати 1 январи соли 2026, дар мақомоти ҳудудии андоз, дар маҷмуъ, 1065 адад субъекти бизнеси бозӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.
Ба иттилои Кумита, шумораи объектҳои ба андозбандӣ алоқаманди субъектҳои мазкур, маҷмуан, 3823 ададро ташкил медиҳад.
“Дар давраи ҳисоботӣ, маблағи умумии андоз аз бизнеси бозии ҳисобшуда, дар маҷмуъ, 115,1 млн сомониро ташкил медиҳад, ки мутаносибан нисбат ба 12 моҳи соли 2023 ба маблағи 51,2 млн сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли соли 2024, маҷмуан, 54,8 млн сомонӣ зиёд мебошад”, - қайд кардааст Кумитаи андоз.
Маълум шуд, аз ҳисоби андоз ба буҷаи давлат чӣ миқдор маблағ ворид шудааст
Ҳамчунин Кумита илова кардааст, ки маблағи андозҳои ҳисобшуда дар ин давра, маҷмуан, аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ 105,9 млн сомонӣ ва аз ҳисоби соҳибкорони инфиродӣ 9,2 млн сомониро ташкил медиҳад, ки афзоиш дар соли 2025 нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 мутаносибан аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ 52,3 млн сомонӣ ва аз ҳисоби соҳибкорони инфиродӣ 2,4 млн сомониро ташкил медиҳад.
Қумита зикр кардааст, ки аз ҷониби на ҳамаи субъектҳои бизнеси бозӣ дар эъломияҳои ба мақомоти андоз пешниҳодшуда, объектҳои бизнеси бозӣ пурра нишон дода мешаванд.