Душанбе ва Маскав масъалаи афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ ба Русияро баррасӣ карданд

Тоҷикистон ният дорад ба Русия содироти ангур, пиёзи барвақтӣ, карам ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш диҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 фев – Sputnik. Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдраҳмон дар мулоқот бо вазири рушди иқтисоди Максим Решетников масъалаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Русия баррасӣ намуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар додаааст.
Ба иттилои манбаъ ҷаласаи навбатӣ ба таври маҷозӣ сурат гирифт.
“Зимни ҷаласа ҷонибҳо рафти иҷрои супоришҳо ва дастурҳои роҳбарони ду давлатро, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Русия ба Тоҷикистон дода шуда буданд, пайгирӣ намуда, таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои афзоиши содироти ангур, пиёзи барвақтӣ, карам ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия зоҳир карда шуд”, қайд кардааст манбаъ.
Таъкид шудааст, ки дар натиҷаи ҷаласа ҷонибҳо таъкид намуданд, ки амалишавии иқдомҳои гузошташуда ба таъмини устувории маҳсулот, баланд бардоштани сифати маҳсулот ва васеъ намудани номгӯйи маҳсулоти содиротии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Русия ба яке аз содиркунандагони асосии доруворӣ ба Тоҷикистон табдил ёфтааст
Ёдовар мешавем, ки тиҷорати мутақобила байни Тоҷикистон ва Русия дар соли 2025 аз 2,4 миллиард доллар гузашт.
Дар ин бора вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар нишасти матбуотӣ хабар дода буд.
Ба гуфтаи вай, Русия дар гардиши тиҷорати хориҷии ҷумҳурӣ пас аз Чин дар ҷои дуюм қарор гирифт.
"Имсол Русия бо бештар аз 2,4 млрд доллар дар ҷойи дуюм қарор гирифт, ки 22,9%-и гардиши тиҷорати хориҷии ҷумҳурӣро ташкил медиҳад. Дар соли 2024 ин рақам қариб 2 миллиард долларро ташкил медод”. - гуфт Абдураҳмонзода.
Вай илова кард, ки содироти Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ 240 миллион доллар ва воридот 2,232 миллиард долларро ташкил додааст.