Даромадҳои аҳолии Тоҷикистон афзойиш ёфт - Агентии омор

Соли 2025 музди меҳнат низ дар Тоҷикистон қариб 20% афзуда, музди миёна 2 ҳазору 778 сомониро ташкил додааст, гуфт раҳбари Оҷонси омор
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 фев – Sputnik. Агентии омори назди президенти Тоҷикистон аз афзойиши даромадҳои аҳолӣ дар соли 2025 хабар дод.
Ин афзойишро на фақат дар омор, балки бо чашми сар низ метавон дид.
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, директори Агентии омори Тоҷикистон, дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, даромади аҳолии Тоҷикистон дар соли гузаштаи 2025 афзойиши чашмрасе доштааст.
“Агар даромади аҳолиро бо маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ҳисоб кунем, мебинем, ки фарқият 2 ҳазор сомониро ташкил додааст”, - гуфт Ҷамшед Нурмуҳаммадзода.
Тибқи иттилои Агентии омор, соли 2025 маҷмуъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба 160 миллиарду 600 миллион сомон расид, ки дар қиёс бо соли 2024 (140 миллиарду 600 миллион сомонӣ) 14,2% афзойиро нишон медиҳад.
Бино ба ҳисобҳои директори Агентии омор, аҳолии Тоҷикистон ҳудуди 10 миллион нафарро ташкил мекунад ва агар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ сари ҳар нафар тақсим шавад, рақами 16 ҳазору 600 сомонӣ ба даст меояд, ки дар қиёс бо соли 2024 (14 ҳазору 600 сомонӣ) 2 ҳазор сомонӣ бештар аст.
Дар Тоҷикистон ММД ба сари аҳолӣ дар 10 сол 2,7 маротиба афзоиш ёфтааст
“Яъне некӯаҳволии мардум рӯ ба беҳбудӣ аст. Бале, омори дигар давлатҳо арқоми калонтар аз инро нишон медиҳад, аммо дар Тоҷикистон пешравӣ хеле назаррас аст, даромадҳои мардум афзойиш доранд ва дар оянда мо ба натиҷаҳои усбат даст хоҳем ёфт”, - гуфт Нурмуҳаммадзода.
Вай афзуд, Агентии омор ба таври электронӣ буҷети хонаводаҳоро мавриди таҳқиқ қарор дод, ки натиҷаҳои худро дод.
“Натиҷа ин буд, ки дойираи назарсанҷӣ густардатар шуд. Як хонавода чӣ қадар даромад дорад, хароҷот чӣ қадар мекунанд, чӣ қадар моликият, чорвову дигар амволро дорад. Мо сол ба сол дар дақиқ шудани омор пеш меравем”, - гуфт директори Агентии омор.
Вай гуфт, музди меҳнат низ дар Тоҷикистон қариб 20% афзуда, музди миёна 2 ҳазору 778 сомониро ташкил додааст.
“Чизи дигаре, ки бояд ба он такя кард, мушоҳида аст. Як ба маҳаллаҳои сукунати мардум сафар кунед. Мебинед, ки дар қиёс бо даҳ соли пеш зиндагии мардум хеле тағйири мусбӣ дидааст”, - гуфт Ҷемшед Нурмуҳаммадзода.
Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон, бино ба додаҳои ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ, ҳарчанд аз рӯи суръати рушд дар миёни кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ мақоми аввалро гирифтааст(8,4%), аммо аз рӯи даромад сари аҳолӣ ҳанӯз дар зинаи поён қарор дорад.