Сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" ва навсозии "Норак": Мулоқоти Раҳмон бо раҳбари бонки Осиё

Мавзуи асосии мулоқот, ҷалби маблағгузории дарозмуддат, идомаи азнавсозии нерӯгоҳи Норак ва сохтмони Роғун будааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ хонум Тсзоу Ҷиайиро ба ҳузур пазируфт.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии кишвардор гузориш медиҳад.
Раҳмон Тсзоу Ҷиайиро ба муносибати интихоб шуданашон ба ин мақоми баланд табрик намуда, ташрифи нахустини ӯро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтааст.
Дар ҷараёни суҳбат Раҳмон ба сатҳи кунунии ҳамкорӣ ва саҳми Бонк дар татбиқи самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баҳои баланд дода,ааст.
"Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ яке аз шарикони муҳими кишвари мо дар самти ташаккули инфрасохтори муосир ва пешбурди рӯзномаи рушди устувор, ҳамчунин, иқтисоди "сабз" мебошад", - таъкид кардааст раисиҷумҳур.
Ба раванди татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ, аз ҷумла лоиҳаи сохтмони неругоҳи Роғун ва идомаи таҷдиди неругоҳи Норак таваҷҷуҳи хос зоҳир гардидааст.
Ҳамчунин, дурнамои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энержӣ, инфрасохтори нақлиётӣ ва шаҳрӣ, идоракунии захираҳои об, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, рақамикунонӣ ва баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Ҷалби маблағгузории дарозмуддат, такмили механизмҳои татбиқи лоиҳаҳо ва таҳкими иқтидори институтсионалӣ зарур дониста шуд.
Барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳи Роғун 100 млн доллари дигар ҷудо шуд
Омодагии худро ба таҳкими ҳамкории дарозмуддати судманд таъкид намуда, ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки мувофиқаҳои ҳосилшуда ба рушди минбаъдаи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ такони нав мебахшад.