ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Дар соли 2025, Русия 134 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар пайгардӣ қарор доштанд, истирдод кард.
Дар ин бора вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
"Дар соли 2025, беш аз 2600 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар пайгард қарор доштанд, боздошт шуданд. 134 нафар аз Русия ва ду нафар аз Тоҷикистон ба Русия истирдод шуданд", - гуфт вазир.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, 835 шаҳрванди кишвар дар хориҷа боздоштшуда ба ватан баргардонида шуданд.
"Аксари онҳо аз кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Русия ва Қазоқистон, инчунин аз кишварҳои Аврупо ва Осиё истирдод шудаанд", - шарҳ дод вазорат.
Беш аз 6700 шаҳрванди Тоҷикистон низ дар пайгард қарор доранд. Вазорат қайд кард, ки бо истифода аз имконоти Интерпол, барои боздошти онҳо чораҳои оперативӣ андешида мешаванд.
Инчунин, Раҳимзода қайд кард, ки соли гузашта вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия амалиёти муштаракро барои боздошти ҷинояткорони ҷустуҷӯшуда анҷом доданд.
"Гурӯҳи тафтишотии таҳти роҳбарии муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Абдурахмон Аламшозода ба Русия сафар кард. Онҳо якҷоя амалиёти ҷустуҷӯро анҷом доданд, афроди сершумореро, ки дар ҷустуҷӯ буданд, боздошт карданд ва онҳоро истирдод карданд", - шарҳ дод вай.
Ҳамчунин вазири умури дохилаи Тоҷикистон дар ин нишасти матбуотӣ хабар дод, ки дар тирамоҳи соли равон дар Тоҷикистон ҷаласаи муштараки ҳайати мушовараи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия баргузор мегардад.
Вазир гуфт, кидар ин ҷаласа ду тараф пешгирии ҷинояткорӣ, ошкор кардани ҷинояткорӣ ва дигар масъалаҳои муҳим барои ҳарду ҷонибро баррасӣ хоҳанд кард.
Раҳимзода афзуд, ки дар он вақт ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии ИДМ низ ба нақша гирифта шудааст.
Вай изҳор дошт, ки дар ҷаласа мавзӯъҳое ба монанди "пешгирии ҷинояткорӣ, ошкор кардани ҷинояткорӣ, қочоқи маводи мухаддир, мубодилаи иттилоот ва дигар масъалаҳои муҳими нигаронкунанда барои ҳарду кишвар" баррасӣ хоҳанд шуд.
Вазир таъкид кард, ки ҷаласаи вазирони корҳои дохилии ИДМ "доираи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкории байни вазоратҳои кишварҳои ИДМ"-ро баррасӣ хоҳад кард.
Ҷаласаи муштараки ҳайати мушовараи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия аз соли 1999 инҷониб ҳар сол баргузор мешавад. Ҷонибҳо талошҳои муштаракро барои мубориза бо таҳдидҳои муосир, аз қабили терроризм ва экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ баррасӣ мекунанд.