ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки Тоҷикистон аз лиҳози рушди суръати саноат бо афзоиши 22% дар байни кишварҳои ИДМ дар ҷои аввал аст.
"Тоҷикистон бо афзоиши 22% дар саноат дар ИДМ пешсаф аст", - гуфт вазир.
Ба гуфтаи Шералӣ Кабир, соли гузашта дар Тоҷикистон маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 66,7 миллиард сомонӣ (7,17 миллиард доллар) истеҳсол шудааст, ки нисбат ба сатҳи соли 2024 13,3 миллиард сомонӣ (1,43 миллиард доллар) афзоиш ёфтааст.
Вай қайд кард, ки афзоиши саноати Тоҷикистон дар солҳои охир ба ҳисоби миёна 20% буда, ба истихроҷ ва коркарди металл тамаркуз мекунад. Дар кишвар 800 кони металл ва маъдан, аз ҷумла 200 кони тасдиқёфта кашф шудааст.
"Тоҷикистон дорои 10 металл ва маъданҳои гуногуни стратегӣ - мис, алюминий, литий, руҳ, сурма, флюорит, графит, никел, волфрам ва металлҳои нодири заминӣ мебошад, ки ба рӯйхати захираҳои муҳими Чин, Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА дохил карда шудаанд", - гуфт ӯ.
Вазир иттилоъ дод, ки соли гузашта Тоҷикистон аз кони Анзоб 15 ҳазор тонна сурма ва аз Talco Gold 5 ҳазор тонна сурма истихроҷ кардааст, ки рекорд гузоштааст.
"Захираи тасдиқшудаи сурб 1,8 миллион тонна, руҳ 4,7 миллион тонна ва захираи нуқра беш аз 100 ҳазор тонна арзёбӣ мешавад", - гуфт вазири тоҷик.
Шералӣ Кабир инчунин қайд кард, ки сохтмони як корхонаи коркард ва корхонаи истеҳсоли литий дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ба анҷом мерасад ва як озмоишгоҳи стандарти байналмилалӣ, ки қодир аст таҳлил ва санҷиши сатҳи баландтарини 75 намуди металл ва маъданро анҷом диҳад, ба наздикӣ дар Душанбе ифтитоҳ мешаад.