ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Дар ҳоли ҳозхир беш аз 6700 шаҳрванди Тоҷикистон дар пайгард қарор доранд, ки 2600 нафари онҳо аз ҷониби Интерпол ҷустуҷӯ мешаванд.
Дар ин бора вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зинмни нишасти матбуотӣ дар Душанбе хабар дод.
“То 1 январи соли 2026 беш аз 6700 шаҳрванди Тоҷикистон пайгард мешавад, ки ин нисбат ба охири соли 2024 1940 нафар бештар аст. Аз ин шумора 2600 нафар аз ҷониби Интерпол ҷустуҷӯ мешаванд", - гуфт Раҳимзода.
Ҳамчунин дар ин нишасти хабарӣ оқои Раҳимзода таъкид кард, ки се ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз соли 2013 то 2019 дар Сурия, Ироқ ва Афғонистон дар паҳлӯи террористҳо ҷангидаанд.
Вай гуфт, кушта шудани 1500 нафари онҳо дар ин ҷангҳо тасдиқи худро пайдо кардааст.
"Соли гузашта 25 нафар иштирокчиёни ҷанг дар Сурия ба Тоҷикистон истирдод шуданд. 460 нафари дигари шаҳрвандон ихтиёрӣ баргаштанд", - гуфт вазири тоҷик.