ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Русия тамоми кӯшишҳои сиёсиву дипломатиро барои расидан ба ҳама ҳадафҳо ва вазифаҳо дар амалиёти вижаи низомӣ ба харҷ медиҳад.
Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров зимни "Соати ҳукумат" дар Думаи давлатӣ баён дошт.
"Ҳуқуқи сокинони Гренландия ба худмуайянкунӣ эътироф карда мешавад, аммо ҳуқуқи мардуми Қрим, Донбасс ва Новороссия барои муайян кардани сарнавишти худ дар ягонагӣ бо Русия то ҳол рад карда мешавад. Мо бо чунин мантиқи таҳрифшуда ва ошкоро ғаразнок комилан розӣ нестем. Мо дар ҳама гуна тамосҳо бо шарикони байналмилалӣ аз ҳақиқат ва қонун дифоъ хоҳем кард ва барои ноил шудан ба ҳама ҳадафҳо ва вазифаҳои амалиёти вижа кумаки сиёсӣ ва дипломатӣ хоҳем кард", - гуфт Лавров.
Ҳадафҳои амалиёти вижа низомии Русия дар Украина бетағйир боқӣ мемонанд ва ба созишҳои фурсатталабона тобеъ нестанд, гуфт вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров.
"Президенти Русия Владимир Путин ҳадафҳои амалиёти вижаи низомиро ба таври возеҳ муайян кард. Баъдан, ӯ онҳоро борҳо, тасдиқ кард. Ин ҳадафҳо бетағйир боқӣ мемонанд ва ба ягон созишҳои фурсатталабона тобеъ нестанд", - гуфт Лавров.
Русия амалиёти вижаи низомиро дар Украина 24 феврали соли 2022 оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне, ки ҳашт сол боз аз ҷониби режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Вай қайд кард, ки амалиёти вижа як чораи зарурӣ буд; Русия "дигар чорае надошт; хатарҳои амниятии ба вуҷуд омада чунон буданд, ки вокуниш бо дигар воситаҳо ғайриимкон буд."