Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Лавров аз рафтори масхарабозонаи Зеленский пас аз мулоқот бо Путин ёдовар шуд

Вазири хориҷаи Русия гуфт ,Зеленский пас аз мулоқот бо Путин дар соли 2019 мисли масхарабоз рафтор кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии НТВ изҳор дошт, ки Владимир Зеленский дар нишасти матбуотӣ дар Париж дар соли 2019 пас аз музокирот бо роҳбарони Русия, Фаронса ва Олмон мисли як "масхарабоз" буд.
"Владимир Зеленский дар он ҷо буд, дар нишасти матбуотӣ нишаста буд ва мисли масхарабоз рафтор мекард", - гуфт вазири рус.
Вазири умури хориҷии Русия ба ёд овард, ки пас аз мулоқот ҳуҷҷатҳое қабул шуданд, ки тағйирот ба Конститутсияи Украинаро дар бораи мақоми махсуси доимии Донбасс пешбинӣ мекарданд, аммо ин муқаррарот ҳеҷ гоҳ амалӣ нашуданд.
Тавре ки президенти Русия Владимир Путин қайд кард, ҶМД, ҶМЛ ва минтақаҳои Херсон ва Запороже ба ҳайати Русия пайвастаанд ва ин масъала "абадан баста шудааст ва дигар мавриди баррасӣ нест.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лавров Аврупоро аз оқибатҳои ҳамла ба Русия ҳушдор дод
Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия, дар охири моҳи январи соли 2025 таъкид кард, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Украина бояд Донбассро тарк кунанд, чун ин як шарти муҳим барои Маскав аст.