Ширкати муштараки Русияву Тоҷикистон сабти ном шуд

Агентии содироти Тоҷикистон аз таъсиси ширкати муштараки кишоварзии Тоҷикистону Русия хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 фев – Sputnik. Ширкати муштарак Русияро ба бузургтарин ва калидитарин харидори фаровардаҳои кишоварзии Тоҷикистон табдил медиҳад.
Масъулини “Тоҷагропромэкспорт”, ширкати зертобеъи Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ширкати муштарак аз сабти расмии ниҳодҳои зидахл гузашта, расман ба фаъолият шуруъ кардааст.
“Дар ҳоли ҳозир, ширкат номи ниҳоии худро таъйин накардааст. Мо чанд вариант, аз ҷумла “Агротоҷтрейд”, “Тоҷагро”, “Тоҷтрейд” ва ғайраро рӯи даст дорем. Номи ниҳҳоӣ дар пайи тавофуқ бо шариконамон дар Русия таъйид ва эълом хоҳад шуд”, - гуфтанд дар ширкат.
Қаблан зимни нишасти матбуотӣ Баҳриддин Сироҷиддинзода, директори Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистон, гуфта буд, ки дар пайи супориши раҳбарии Русия бо ширкати “Солнечная долина“ созишномаи кулл ба имзо расонда, як ширкати муштарак таъсис ёфт ва сабти ном шуд.
“Ин ширкат сирфан бо корҳои омодагии содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия машғул хоҳад шуд. Бо дастури раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳамкорони руси мо то ин лаҳза ду маротиба ба Тоҷикистон сафар карданд, мо як маротиба ба Русия рафтем. Меоянд, то воқеан кор кунанд, на коғаз имзо кунанд”, - гуфт Баҳриддин Сироҷиддинзода.
Вай афзуд, тибқи тавофуқот ду ҷониб барои ширкати муштарак дар қаламрави Тоҷикистон ҳудуди 10 гектар замин ҷудо карда мешавад, то як агросентр ё маркази кишоварзӣ таъсис хоҳем дод, ки сирфан барои Русия кор хоҳад кард.
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон бо арқом
“Дар ин ҷо идораи ширкат ва дигар зерсохтҳои содиротӣ, аз ҷумла марокизи агрологӣ эҷод хоҳанд шуд, ки бо нигаҳдорӣ, бандубаст, сарчин ва дигар шароити омодагии маҳсулоти кишоварзӣ барои содирот машғул хоҳад шуд”, - гуфт раиси Агентии содироти Тоҷикистон.
Маъруфи Абдулло, директори “Тоҷагропромэкспорт”, гуфт, моҳи декабри соли гузашта ҳайате аз ин ширкат ба Маскав сафар карда, бо масъулини вазоратҳои тиҷорату кишоварзӣ ва тамоми ширкатҳои русии фаъол дар соҳаи кишоварзии Русия музокирот анҷом дод.
“Мо бо ширкатҳои “Солнечная долина”, “Грантрейд”, “Х5 Групп” ва маркази савдои “Ашан” созишномаҳо ба имзо расондем. Ҷониби Русия асосан барои харидории зардолу, ангур, пиёз, меваи хушк, лимон ва дигар намуди меваву сабзавоти мо мароқ зоҳир карданд. Масалан, ҳоло сари содироти караму лаблабу гуфтушунид дорем”, - гуфт Маъруфи Абдулло.
Ҳамсуҳбатони Sputnik Тоҷикистон бар инанд, ки таъсиси ширкати муштарак Русияро ба бузургтарин ва калидитарин харидори маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон табдил медиҳад.
Тибқи иттилои расмӣ, дар соли 2025 Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 79 миллиону 203 ҳазор доллар маҳсулоти кишварзӣ ба хориҷ содирот кардааст, ки аз ин 39 миллиону 415, 1 ҳазор доллар ё ҳудуди 50% - и он ба Русия рост меояд.