ДУШАНБЕ, 10 фев – Sputnik. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 42 оилаи афғон бо теъдоди 168 нафар ва дар ҷамоати Меҳробод 23 оила иборат аз 103 нафар ба сар мебаранд.
Ҳамчунин 19 оила 65 нафарашон дар ҷамоати деҳоти Деҳмой зиндагӣ мекунанд
Аз ин шумор 41 нафар кӯдакон дар мактаби рақами 14 ва 17 таҳсил мекунанд.
“Тамоми кӯдакон бо лавозимоти таҳсил ва китобу дафтар, бо либосҳои мактабӣ пурра таъмин карда шудаанд. Ҳамчунин аз тарафи омзгорони мактабҳо барои кӯдакон дарсҳои иловагӣ ташкил карда шудааст”, - гуфт муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Зумрад Муталибзода.
Вай илова кард, ки аз тарафи оилаҳои афғонҳо ягон муроҷиат ё шикоят аз буду бош, норасоии кор ё норасоии лавозимоти рӯзгор ворид нашудааст.
“Ҳамаи онҳо дар чаҳорчуби қонунгузории Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд”, - гуфт ӯ.
Қаблан мақомоти ин ноҳия хабар дода буд, ки шуғли асосии паноҳандагони афғон дар шимоли кишвар хариду фурӯш дар бозорҳо мебошад. Вале, миёни онҳо навозандашгон ва овозхонон низ ҳастанд, ки пайваста ба чорабиниҳои гуногун ҷалб карда мешаванд.