ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор дошт, ки дар сурати ҳамлаи кишварҳои Аврупо Маскав бо тамоми воситаҳои мавҷуда посух хоҳад дод.
"Агар Аврупо ногаҳон таҳдидҳои худро барои омодагӣ ба ҷанг бар зидди мо амалӣ кунад ва ба Русия ҳамла намояд, президент гуфт: ин аз ҷониби мо амалиёти махсуси низомӣ нахоҳад буд. Ин вокуниши пурраи низомӣ бо тамоми воситаҳои мавҷуда, мувофиқи ҳуҷҷатҳои доктриналии дахлдор хоҳад буд", - гуфт ӯ дар мусоҳиба бо шабакаи НТВ.
Дар солҳои охир, Русия фаъолияти бесобиқаи НАТО-ро дар марзҳои ғарбии худ мушоҳида кардааст.
Иттиҳод ташаббусҳои худро васеъ мекунад ва инро боздории таҷовуз меномад. Маскав борҳо нигаронии худро дар бораи афзоиши нерӯҳои ин иттиҳод дар Аврупо изҳор кардааст. Вазорати корҳои хориҷӣ изҳор дошт, ки барои муколама бо НАТО омодааст, аммо дар асоси баробарӣ, ва Ғарб бояд аз сиёсати низомигарии минтақа даст кашад.
Президент Владимир Путин борҳо таъкид кардааст, ки Русия қасди ҳамла ба ҳеҷ кишвари аврупоиро надорад. Сиёсатмадорони ғарбӣ мунтазам аҳолии худро бо таҳдидҳои хаёлӣ метарсонанд, то таваҷҷӯҳро аз мушкилоти дохилӣ канор баранд.