Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Изҳороти вазири хориҷаи Финляндия дар бораи Украина сарусадоеро дар Ғарб ба бор овард

Таҳлилгар Эпископос аҳамияти изҳороти вазири корҳои хориҷии Финляндия Валтоненро дар бораи Украина қайд кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 фев – Sputnik. Коршинос оид ба амнияти байналмилалӣ Марк Эпископос аҳамияти изҳороти вазири корҳои хориҷии Финляндия Элина Валтоненро дар бораи Украина қайд кард. Ӯ андешаи худро дар платформаи шабакаҳои иҷтимоии X мубодила кард.
Ҳафтаи гузашта мақомоти Финляндия аз мафҳумҳои истифодашуда аз ҷониби мақомоти ИМА дар бораи кафолатҳои амниятӣ барои Украина, монанд "ба моддаи 5-уми Оинномаи НАТО ", норозигӣ баён карданд, хабар медиҳад Politico. Ба гуфтаи нашрия, ин масъала дар мулоқоти Валтонен ва қонунгузорони ИМА баррасӣ шудааст. Вай ҳушдор дод, ки ин метавонад боиси нофаҳмиҳо байни кафолатҳои НАТО ва ӯҳдадориҳои дуҷониба дар назди Киев гардад.
"Маҳз аз ҳамин сабаб аст, ки бисёре аз коршиносон ба раҳбарони аврупоӣ ҳушдор додаанд, ки амнияти Украинаро бо амнияти Аврупо баробар накунанд ё фикр кунанд, ки эътимоднокии дифои дастаҷамъонаи НАТО аз натиҷаи ҷанг вобаста аст", - қайд мекунад нашрия.
Маскав борҳо изҳор доштааст, ки ҳар гуна сенарияи марбут ба ҷойгиркунии нерӯҳои кишварҳои узви НАТО дар Украина комилан қобили қабул нест ва хатари шиддат гирифтани вазъро дорад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лавров: НАТО, Иттиҳодияи Аврупо ва САҲА рӯзҳои охирашонро сипарӣ доранд
Изҳорот дар Британияи Кабир ва дигар кишварҳои аврупоӣ дар бораи имкони ҷойгиркунии воҳидҳои низомии НАТО дар Украина аз ҷониби Вазорат ҳамчун ангеза барои идомаи амалиёти ҷангӣ тавсиф шудаанд.
Раисҷумҳур Владимир Путин қаблан изҳор дошт, ки Маскав воҳидҳои низомии хориҷиро дар наздикии марзҳои худ ҳадафҳои қонунӣ мешуморад. Ӯ изҳор дошт, ки пас аз ба даст овардани созишномаи сулҳ, ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар кишвари ҳамсоя номуносиб хоҳад буд.