Пешниҳоди Эрон дар бораи таъсиси Созмони минтақаҳои озоди иқтисодии ИИАО

Минтақаҳои озоди иқтисодии Эрон аллакай қонунҳоеро барои ҳавасмандгардонӣ ва ҳимояи сармоягузорони хориҷӣ қабул кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 фев – Sputnik. Эрон пешниҳод кардааст, ки созмони махсус барои ҳамкорӣ байни минтақаҳои озоди иқтисодии кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) таъсис дода шавад.
Дар ин бора Муҳаммад Ризо Назирӣ, мудири Департаменти ҳамоҳангсозии иқтисодии Вазорати корҳои хориҷии Эрон, эълон кард.
Ба гуфтаи вай, ин пешниҳод барои ҳамгироии амиқтари иқтисодҳои минтақа ва ба ҳадди аксар расонидани имкониятҳои имтиёзҳои тиҷоратӣ равона шудааст.
Оқои Назирӣ таъкид кард, ки минтақаҳои озоди иқтисодӣ боҷҳои ҳадди ақали гумрукиро пешбинӣ мекунанд, ки хароҷоти тиҷоратро ба таври назаррас коҳиш медиҳанд.
Минтақаҳои озоди иқтисодии Эрон аллакай қонунҳоеро барои ҳавасмандгардонӣ ва ҳимояи сармоягузорони хориҷӣ қабул кардаанд.
Ҳавасмандгардонии асосӣ аз таътилҳои андоз аз 5 то 10 сол, кафолатҳо барои нигоҳдории сармоя ва гирифтани фоида ва тартиби соддакардашудаи вуруд ва хуруҷи сармоягузорӣ иборатанд.
Русия дар истифодаи роботҳо дар саноат миёни кишварҳои ИИАО пешсаф аст
Ёдовар мешавем, ки Созишномаи пурраи тиҷорати озод байни Иттиҳодияииқтисодии АвруОсиё ва Эрон 15 майи соли 2025 эътибор пайдо кард ва созишномаи муваққатии соли 2018-ро тағйир дод.
Ин ба рушди ҳамкорӣ байни Минтақаи озоди иқтисодии Арманистон (аз ҷумла Минтақаи озоди иқтисодии Меғрӣ) ва Минтақаи озоди иқтисодии Эрон мусоидат намуда, тиҷоратро осон мекунад ва робитаҳои саноатӣ ва логистикиро дар минтақа эҷод мекунад.