ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон соли 2025 воридоти гандум аз истеҳсоли дохилӣ зиёд будааст.
Ҷумҳурӣ ин муддат аз хориҷ 1 миллиону 278,4 ҳазор тонна гандумро ба маблағи 300 милиону 953 ҳазор доллар ворид кардааст, хабар дод Агентии зиддиинҳисории кишвар.
Ба иттилои манбаъ, нархи миёнаи ҳар тоннаи воридотӣ 235 доллар будааст, ки он нисбат ба соли қаблияш 25 доллар арзонтар мебошад. Ҳаҷми воридот бошад, дар ин давра 220,6 ҳазор тонна ё маблағи 26,4 млн доллар ё 20,85% афзоиш ёфтааст.
Таъкид мешавад, ки дар ин давра бозори воридоти гандум рақобатпазир буда, иштирокчиёни бозори молӣ 78 субъекти хоҷагидорро ташкил медиҳад.
Тибқи омори мақомоти кишвар дар соли гузашта дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 811,3 ҳазор тонна гандум истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 69,4 ҳазор тонна ё 7,9% коҳиш ёфтааст.
Тибқи додаҳои мақомоти гумрук, кишвар дар баробари афзоиши воридоти гандум, хариди орд аз хориҷро коҳиш додааст.
Дар ин муддат ҷумҳурӣ 51,9 ҳазор тонна орд ба маблағи 16,2 млн доллар бо нархи миёнаи 312 доллар барои 1 тонна ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 воридоти он 16 ҳазор тонна ва ё 23,6% коҳиш ёфтааст.
Ба асоси додаҳои мақомот, 41 ширкат ба воридоти орд ба кишвар машғул аст, ки воридкунандагони асосии маҳсулоти мазкур ҶДММ “Дурахши Осиё” (23,8%), ҶДММ “Сахад” (21,6%), ҶДММ “Таҷ Тур” (19,5%) ва дигар субъектони хоҷагидор (35,0%) ба ҳисоб мераванд.
Дар ин давра дар дохили ҷумҳурӣ 693,8 ҳазор тонна орд (ба маблағи 1 906,7 млн сомонӣ) истеҳсол карда шудааст, ки ҳаҷми истеҳсоли он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,6 ҳазор тонна ё 3,5% афзоиш ёфтааст.