Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

ФСБ ва ВКД-и Русия шарикони сӯиқасд ба генерал Алексеевро муайян карданд

Мақомоти иктишофии Русия шарикони кӯшиши сӯиқасд ба генерал Алексеевро муайян карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Хадамоти амнияти федералӣ (ФСБ) якҷоя бо Вазорати корҳои дохилии Русия (ВКД) шарикони кӯшиши сӯиқасд ба генерал Владимир Алексеевро муайян карданд.
Дар ин бора Маркази робита бо ҷомеаи ФСБ хабар дод.
"Хадамоти амнияти федералӣ якҷоя бо ВКД дар натиҷаи чораҳои тафтишотӣ, ки дар доираи парвандаи ҷиноии аз ҷониби Кумитаи тафтишотии Русия дар бораи кӯшиши куштори генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати генералии Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия оғозшуда гузаронида шудаанд, шарикони ин ҷиноятро муайян карданд", - гуфта мешавад дар изҳорот.
Тавре ки қаблан Кумитаи тафтишот хабар дода буд, шахси номаълум 6 феврал дар як бинои истиқоматӣ дар Маскав ба сӯи генерал-лейтенанти Вазорати дифоъ Владимир Алексееви тир холӣ кард. Ӯ дар беморхона бистарӣ шудааст.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Кори бесарнишини нерӯҳои махсуси "Молния"-и Ахмат дар минтақаи амалиёти вижа: Акс
Парвандаи ҷиноӣ тибқи моддаҳои сӯиқасд ба куштор ва қочоқи ғайриқонунии силоҳи оташфишон боз шудааст.
Чунон ки вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор дошт, сӯиқасд ба Алексеев нишон медиҳад, ки Украина омода аст ба таҳрикҳои доимӣ, ки ба раванди музокирот халал мерасонанд, даст занад.