ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Рӯзномаи олмонии Berliner Zeitung хабар медиҳад, ки Аврупо дар мавриди мавқеи садриаъзами Олмон Фридрих Мертс дар бораи музокирот бо президенти Русия Владимир Путин ихтилоф дорад.
Дар мақола қайд мешавад, ки мавқеи Фаронса ва Италия дар бораи зарурати муколама бо Маскав дар дохили ин иттиҳод маъруфияти бештар пайдо мекунад.
"Тааҷҷубовар аст, ки дар муқоиса бо дигар кишварҳо ба монанди Фаронса ё Италия, Олмон дар талошҳои дипломатии худ худдорӣ нишон медиҳад ва то ҳол ягон ташаббуси худро нагирифтааст”,- гуфта мешавад, дар матлаб.
Нашрия ба ёд меорад, ки танҳо як ҳафта пеш Мертс даъватҳоро барои музокироти мустақим бо Путин рад кард. Аз он вақт инҷониб, ҳукумати Олмон ба дархости Berliner Zeitung дар бораи он ки чаро то ҳол ягон ташаббуси дипломатӣ дар робита бо Русия нагирифтааст, посух надодааст.
Даври дуюми музокирот оид ба ҳалли низои Украина рӯзҳои чоршанбе ва панҷшанбе дар Абу-Дабӣ бо иштироки ҳайатҳои Русия, Иёлоти Муттаҳида ва Украина баргузор шуд. Даври аввал рӯзҳои 23-24 январ дар Абу-Дабӣ баргузор шуд.
Дмитрий Песков, котиби матбуотии президенти Русия, қайд кард, ки корҳое, ки дар давоми машваратҳои Абу-Дабӣ оид ба ҳалли низоъ дар Украина анҷом дода шудаанд, идома хоҳанд ёфт.