ДУШАНБЕ, 7 фев – Sputnik. Муносибатҳои Русия Ва Тоҷикистон дар сатҳи олии шарикии стратегӣ боқӣ мемонанд.
Инро вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти матбуотӣ таъкид кард.
"Пас аз сафари соли гузаштаи раҳбари Русия Владимир Путин ба Душанбе, муколама вусъат ёфтааст", - афзуд ӯ.
Ёдрас мешавем, ки моҳи октябри соли 2025 президенти Русия Владимир Путин бо ҳайати бузурги ҳукуматаш ба Тоҷикистон омад. Сафари давлатии ӯ 5 рӯз идома кард.
Дар пайи музокироти Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе,15 санади нави ҳамкорӣ имзо шуд.
Вазири умури хориҷӣ ҳамчунин, қайд кард, ки соли 2026 сафарҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Русия имконпазир аст.
Дар маҷмуъ, зиёда аз 16 сафари хориҷии раисҷумҳури Тоҷикистон дар марҳилаи мувофиқа қарор доранд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев низ гуфт, Маскав ва Душанбе муносибатҳои мутақобилан судмандро фаъолона рушд медиҳанд.
"Муносибатҳо воқеан стратегӣ ва шарикӣ буда, бар асоси принсипҳои устувори эҳтироми мутақобила, баробарӣ ва ба назар гирифтани манфиатҳои якдигар асос ёфтаанд",- гуфт сиёсатмадор.
Григорев инчунин ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф таъкид кард. Айни замон тақрибан 6 ҳаз. хонандаи мактаб дар Тоҷикистон тибқи барномаҳои русӣ таҳсил мекунанд.