ДУШАНБЕ, 6 фев - Sputnik. Киев аз ИА талаб кардааст, ки мавқеи худро дар бораи пайвастани Украина ба Иттиҳод аллакай дар соли 2027 муайян кунад.
Инро муовини роҳбари дастгоҳи Президент Игор Жовква зимни мулоқот бо ҳайати Парлумони Аврупо изҳор дошт. Аз суханони ӯ нашрияи "Strana.ua" иқтибос овардааст.
"Узвияти Украина дар Иттиҳоди Аврупо асоси кафолатҳои амниятии оянда барои Украина ва тамоми Аврупо мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд қарори сиёсии возеҳ дар бораи узвияти Украинаро то соли 2027 қабул кунем", - гуфтааст ӯ.
Моҳи июни соли 2022, ИА ба Украина ва Молдова мақоми кишвари номзадро дод. ИА борҳо эътироф кардааст, ки ин қарор асосан рамзӣ буда, барои дастгирии Киев ва Кишинёв дар муқовимати онҳо бо Маскав пешбинӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков пайвастан ба ИА-ро ҳаққи соҳибихтиёрии Киев номид.
Баъзе кишварҳои аврупоӣ, ба пайвастани Киев ба иттиҳод мухолифанд. Аз ҷумла, мақомоти Лаҳистон борҳо изҳор доштаанд, ки агар Киев ба гӯр кардани қурбониёни қатли оми Волин, ки дар он полякҳо дар давраи Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ аз ҷониби миллатгароёни украинӣ кушта шуданд, розӣ нашавад, онҳо пайвастани Украинаро ба Иттиҳоди Аврупо бозмедоранд.
Ва сардори дастгоҳи сарвазири Маҷористон, Гергели Хуляс, изҳор дошт, ки пайвастани Украина ба Иттиҳоди Аврупо як хатои таърихӣ хоҳад буд, зеро рафтори он бо мақоми он ҳамчун кишвари номзад барои узвият мувофиқат намекунад.