Тоҷикистон нақша дорад, раводид бо Чинро бекор кунад

Ин қарор бояд ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар мусоидат кунад ва самти таблиғот ва иттилоотро тақвият диҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 фев – Sputnik. Тоҷикистон нақша дорад, ки бо Чин низоми бидуни раводидро ҷорӣ кунад.
Дар ин бора Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ӯ қайд кард, ки ин масъала дар ҳоли баррасӣ аст ва бояд натиҷаҳои мусбат диҳад.
Ҷумаҳзода инчунин таъкид кард, ки низоми бидуни раводид бо Чин ба рушди якчанд соҳаҳо дар кишвар, аз ҷумла сайёҳӣ, таблиғот ва иттилоот мусоидат хоҳад кард.
"Барои Тоҷикистон бозорҳои асосии сайёҳӣ кишварҳои араб, Англия, Олмон, Фаронса, Русия, Чин ва Кореяи Ҷанубӣ мебошанд; шаҳрвандони ин кишварҳо ба истироҳат ва саёҳат бештар таваҷҷӯҳ доранд", - гуфт раиси кумита.
Қаблан, Тоҷикистон барои сафари ҳавоӣ бо Эрон низоми бидуни раводидро ҷорӣ карда буд.
Ба дорандагони шиносномаҳои муқаррарии ҳарду кишвар иҷозат дода мешавад, ки аз Эрон ба Тоҷикистон сафар кунанд ва дар давоми ҳар як давраи 90-рӯза бидуни раводид 30 рӯз дар кишвар бимонанд.
Тоҷикистону Эрон раводидро барои ронандагони ҳамлу нақли байналмилалӣ бекор карданд
Баъдтар, барои ронандагони мошинҳои боркаши масофаи дур, инчунин дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хидматии ду кишвар чораҳои монанд ҷорӣ карда шуданд.