Аз вилояти Суғд 1,3 миллион сайёҳи хориҷӣ боздид кардааст

Феълан дар вилоят 42 ширкати сайёҳӣ ва 2 ташкилоти ҷамъиятӣ дар соҳаи сайёҳӣ фаъолият мебаранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Дар соли 2025 аз вилояти Суғд 1,3 миллион сайҳӣ хориҷӣ боздид кардааст.
Дар ин бора, раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода зимни нишасти хабарӣ гузориш дод.
Бино ба иттилои раиси вилоят, дар вилоят 42 ширкати сайёҳӣ ва 2 ташкилоти ҷамъиятӣ дар соҳа фаъолият мебаранд.
Дар баробари ин, дар ҳудуди вилоят 210 хатсайри сайёҳӣ бо фарогирии тамоми мавзеъҳои сайёҳӣ ташкил карда шуда, 97 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ фаъолият мебаранд.
Дар айни замон дар вилоят беш аз 1190 ёдгориҳои таърихӣ, 24 осорхона, 97 зиёратгоҳ, 65 меҳмонхона, 19 осоишгоҳ, 4 лагер, 4 дармонгоҳи табобатӣ — истироҳатӣ, 2 хонаи истироҳатӣ, 1 маркази муолиҷавӣ, 1 базаи истироҳатӣ ва 1 базаи сайёҳӣ бо ғунҷоиши умумии 7441 ҷой фаъолият доранд.
Мавзеъҳои табиии вилояти Суғд, махсусан кӯлҳо ва дараҳои баландкӯҳи он, барои сайёҳони табиатдӯст имконият фароҳам овардааст, ки онҳо сайру саёҳатро дар ин маконҳо бофароғат гузаронанд.
Нигаронии мақомот аз ҳолати ғайрисанитарӣ дар маконҳои таърихии вилояти Суғд
Кӯли Искандаркӯл, дараҳои Яғнобу Фон ва минтақаҳои кӯҳии ноҳияи Айнӣ дорои шароити хуб барои хаймазанӣ, кӯҳнавардӣ ва экосайёҳӣ мебошад.