ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Комёбиҳои ҳамгироии Русия ва Беларус дар дохили Давлати Иттиҳод ҳамчун меъёр барои дигар форматҳои байналмилалӣ, аз қабили ИИАО, ИДМ ва СҲШ, хизмат мекунанд.
Ин арзёбӣ аз ҷониби сарвазири Русия Михаил Мишустин дар ҷаласаи Шӯрои вазирони Давлати Иттиҳод бо Беларус садо дод.
"Ҳамгироии Русия ва Беларус дар дохили Давлати Иттиҳод асосан ҳамчун меъёр барои кори муштарак дар дигар форматҳои бисёрҷониба, аз ҷумла Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкории Шанхай, хизмат мекунад", - гуфт ӯ.
Сарвазири Русия қайд кард, ки иттиҳод барои мардуми ду кишвар хизмат мекунад.
"Мо якҷоя шароитро барои ҳамкории мустақим байни одамон, соҳибкорон ва тиҷорат фароҳам меорем. Мо сифати зиндагии шаҳрвандони худ ва шукуфоии кишварҳои худро беҳтар мекунем ва албатта, робитаҳоро байни халқҳои бародари Русия ва Беларус тақвият медиҳем", - афзуд сиёсатмадори Русия.
Бояд гуфт, ки қаблан, сарвазири Русия Михаил Мишустин аз кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) даъват кард, ки талошҳоро барои рушди инфрасохтори нақлиётӣ дар минтақа тақвият диҳанд.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё як созмони байналмилалии ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ буда, тибқи Шартнома дар бораи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таъсис ёфтааст.
Иттиҳод ҳаракати озоди молҳо, хизматрасонӣ, сармоя ва қувваи корӣ, инчунин татбиқи сиёсати ҳамоҳангшуда, мувофиқашуда ё муттаҳидшударо дар бахшҳои иқтисодӣ таъмин мекунад.
Аъзоёни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд. Аз соли 2015 инҷониб, Тоҷикистон масъалаи пайвастан ба Иттиҳодро баррасӣ мекунад.