ДУШАНБЕ, 3 фев – Sputnik. Муовини раиси Комиссияи тавсеаи содироти Утоқи бозаргонии Эрон Садриддин Ниёвронӣ дар гуфтугӯ бо “IRIB news agtncy” қайд кард, ки содироти Эрон ба кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё дар 8 моҳ (аз марти соли 2025 то ноябри соли 2025) 16% афзоиш ёфтааст.
“Дар бозорҳо ба монанди Русия, фаъолони иқтисодии мо метавонанд содироти маҳсулоти кишоварзии худро то 5 маротиба афзоиш диҳанд ва ҷои рақибони хориҷиро гиранд", - гуфт ӯ.
Садриддин Ниёваронӣ татбиқи созишномаи тиҷорати озодро бо Авруосиёро сабаби пешрафт дар содироти кишвар донист.
"Вақте ки ҳукумат барои бахши хусусӣ ва тоҷирони эронӣ шароит фароҳам меорад, то ба бозорҳо ба монанди АвруОсиё ворид шаванд, он тоҷиронро ташвиқ мекунад ва дар ниҳоят содиротро афзоиш медиҳад", - афзуд ин мақомдори эронӣ.
Вай рушди инфрасохтор, аз ҷумла нақлиёти роҳи оҳан ва интиқоли мева ва маҳсулоти хӯроквориро барои афзоиши содирот ба кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё муҳим донист.