Дар Тоҷикистон мушкили норасоии омӯзгорон дар макотиб бартараф шудааст

Шумораи кормандоне, ки соли 2025 ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ қабул шудаанд, дар муқоиса бо соли 2024 ба маротиб афзоиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 янв - Sputnik. Дар Тоҷикистон мушкилоти нарасидани омӯзгорон дар макотиб ҳал шуд.
Дар ин бора, муовини вазири маорифи кишвар Равшан Каримзода, зимни нишасти хабарӣ гуфт.
Дар соли таҳсили 2025-2026 ба мактабҳои кишвар зиёда аз 9 ҳазор омӯзгор ҳозир шуданд, ки нисбат ба соли 2024 5,3 ҳазор нафар бештар мебошад.
"Тақрибан 700 муаллиме ҳастанд, ки аз рӯи ихтисос кор намекунанд, аммо мо ин масъаларо низ ҳал хоҳем кард", - гуфт Равшан Каримзода.
Вай афзуд, ки аз 136 ҳазор омӯзгор тақрибан 16 ҳазор нафар дар рухсатии ҳомиладорӣ қарор доранд.
Дар баробари ин, ба гуфтаи Каримзода, бояд масъалаи онҳоеро, ки тахассуси омӯзгорӣ доранд, вале дар дигар соҳаҳо кор мекунанд, низ ҳал карда шавад. Ба ин гурӯҳи одамон 700 кас дохил мешаванд.
Ғайр аз ин, муовини вазир ба масъалаи дарс додани як муаллим аз чанд фан, таъкид кард.
"Дар ин ҷо бояд як чизи дигарро дарк кард: аз 136 ҳаз. муаллим дар саросари кишвар, 16 ҳаз. нафар дар рухсатии ҳомилагӣ қарор доранд. Ва мувофиқан, онҳоро дигарон иваз мекунанд - ин ба масъалаи таълими якчанд фан аз ҷониби як муаллим алоқаманд аст", - қайд кард ӯ.
Қаблан вазири маорифи Тоҷикистон Раҳим Саидзода изҳор дошт, ки дар мактабҳои кишвар 3,8 ҳаз. муаллим намерасад.
Маблағгузории маориф дар Тоҷикистон беш аз 5 баробар зиёд шуд
Ёдовар мешавем, моҳи августи соли гузашта, Эмомалӣ Раҳмон, зимни суханронӣ дар маросими бахшида ба Рӯзи Дониш, ба идораи дахлдор ва инчунин мақомоти шаҳру ноҳияҳо як сол вақт дод, то мушкили норасоии кадрҳоро дар мактабҳо ҳал кунанд.